Барномаи мазкур барои табдилдиҳии шрифтҳои тоҷикӣ хизмат мекунад. Барнома дорои имконияти табдилдиҳии шрифти Times New Roman Tj ба шрифти тоҷикии Windows ва табдилдиҳии баръаксро низ доро мебошад. Аксар ҳолатҳое мешаванд, ки мо мехоҳем маводеро аз компютери худ нусхабардорӣ карда, дар сомонаҳои шабакаи иҷтимоӣ нашр кунем. Аммо дар бисёр ҳолатҳо агар маводи мо бо шрифти Times New Roman Tj навишта шуда бошад, на ҳама ҳарфҳои он дар сомонаҳои интернетӣ дуруст хонда мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ва дигар мушкилотҳои вобаста ба шрифт барномаи мазкур сохта шудааст. Аз имкониятҳои барнома истифода бурда, дигар фикри мушкилиҳои вобаста ба шрифт мавҷудбударо накунед.

Ҳолатҳои истифодабарии барнома:

  • Ҳангоми гузоштани мавод дар сомонаҳои шабакаи интернет
  • Ҳангоми кор бо системаҳои оператсионии Windows XP ва 7-10
  • Ҳангоми саҳифабандии рӯзномаю маҷаллаҳо
  • Ҳангоми саҳифабандии китоб ва дигар маводҳои полиграфӣ
Инчунин барнома дорои иҷро намудани якчанд вазифаҳои заруриро доро мебошад,ки айни ҳол дар ҳолати коркард қарор дорад. Фикру пешниҳодҳои шуморо оид ба беҳтар гардонидани барномаи мазкур ва сохтани барномаҳои ба ин монанд интизорем.